22.05.2018
Тоҷикистонӣ барои лайк дар шабакаҳои иҷтимоӣ 9,5 сол зиндонӣ шуд
Редакция OpenAsia
18.05.2018
"Толибон" дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 7 ҳазор ҷангиро ҷойгир намуд
Ҳаракати «Толибон» тақрибан 7 ҳазор ҷангиёнашро дар 29 пойгаҳҳои низомию сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон ҷойгир намуд. Дар ин бора фармондеҳи нерӯҳои кумитаи бехаратии миллии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ арз намуд - хабар додааст Радиои Озодӣ.
Редакция OpenAsia
11.05.2018
Селфии марговар. Дар кӯҳистони Тоҷикистон фоҷиа рӯй дод
Кӯшиши гирифтани селфи дар манзараи дарёи кӯҳӣ бо фоҷиа ба анҷом расид: як духтаре ба об афтод, дуввумин хост ба ӯ ёри расонад. Ҳар ду ғарқ шуданд, - менависад Азия Плюс. Шоми 28 апрел ба қисми навбатдории Шӯъбаи КҲФ дар ноҳияи Рашт, маълумоте расид, ки дар он омадааст: сокини 19 солаи шаҳри Душанбе, ки дар меҳмонии хешовандонаш қарор дошт, ҳангоми гирифтани селфи дар назди дарёи кӯҳии Сурхоб, ба об афтод.
Редакция OpenAsia
08.05.2018
Ба собиқадорони Тоҷикистон то рӯзи ид 170 долларӣ медиҳанд
Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговароне, ки дар ин ҷанг вафот кардаанд, дар арафаи 9-уми май ба ифтихори 73-юмин солгарди Ғалаба ба ҳаҷми 1500 сомонӣ кӯмакпулии яквақта мегиранд, - хабар додааст Азия-Плюс. Ин тахминан 170 доллар аст. Фармони мазкур аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.
Редакция OpenAsia
30.04.2018
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба тозакунии сарҳади умумӣ аз мина оғоз мекунанд
Гурӯҳи кории муштарак оид ба масъалаҳои безараргардонии монеаҳои муҳандисӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ таъсис дода шуд, - иттилоъ дод манбаъ аз бахши қудратии Ҳукумати Тоҷикистон ба «Азия Плюс».
Редакция OpenAsia
01.04.2018
ИНФОГРАФИКА: 10 қоидаи рафтор ҳангоми сӯхтор дар манзилҳои ҷамъиятӣ
Сӯхтор дар маркази савдои «Зимняя вишня»-и Кемерово ҳамаро ба изтироб овард. Қариб дар ҳамаи пойтахт ва шаҳрҳои калони Осиёи Марказӣ амалдорон ҷойҳои ҷамъиятиро оид ба сӯхтор тафтиш менамоянд. Ҳамкори «Открытая Азия онлайн» – «Азия Плюс» маслиҳатҳои мутахассисонро оид ба рафтор ҳангоми сӯхтор дар ҷойҳои ҷамъиятиро ҷамъ намуд. Ии маслиҳатҳои содда, лекин имкон медиҳанд ҳаётеро наҷот диҳанд, аз ин сабаб донистани ин қоидаҳо ба касе халал намерасонанд.
Редакция OpenAsia
Ҳамасола ба Тоҷикистон ҳазорҳо нафар сайёҳон меоянд, ки бо боварии комил метавон онҳоро ҷасуру нотарс номид. Дар кӯҳистони ин кишвар сайёҳон бо воқеаҳое рӯ ба рӯ мегарданд, ки мислашон дар қарни 21 дида нашудаву барои ҳаёти инсон хатарноканд. Вале ин вазъият онҳоеро, ки бо машғулияти хатарнок сарукор доранд, аз роҳашон боз намедорад: онҳо ба қуллаҳои баландтарини куҳ мебароянд, дарёҳои пурталотумро убур мекунанд ва ҳамеша дар пайи шикори ҳайвонҳои ваҳшиву хатарнок ҳастанд. «Открытая Азия онлайн» рӯйхати чунин мавзеҳоро барои дӯстдорони саргузашти хавфнок тартиб дод.
Барои ҷустуҷӯи хатар ба куҷо мераванд?
Либосҳоро худ медӯзанд, маҷмӯи асбобу анҷомҳоро низ барои намоишномаҳои театрӣ бе кӯмаки беруна омода мекунанд; актёрон ба нафақа мебароянд ва дар ҳайати ҳунармандон мутахассисони ҷавон кайҳо инҷониб нестанд. Бо вуҷуди ин, дар намоишномаҳои худ Театри драмавии ӯзбекии Тоҷикистон толори пур аз тамошобинро ҷамъ меоварад, ҳол он, ки мавзӯъҳои пйесаи онҳо - масъалаи мубрами ҷомеа - масалан, экстремизм ва терроризм мебошанд. Дар бораи он ки ягона театри ӯзбекӣ дар умқи шимоли Тоҷикистон чӣ гуна фаъолият дорад, "Открытая Азия онлайн" бо шарикони худ аз гурӯҳи медиавии «Азия-Плюс» равшанӣ андохт.
Ягона театри ӯзбекии Тоҷикистон чӣ гуна фаъолият дорад?
Аҳолии минтақаҳои Тоҷикистон ва корхонаҳои саноатии шаҳрҳои ин кишвар вақтҳои охир, ба сифати захираҳои энергетикӣ бештар аз ангишт истифода мебаранд. Дар мамлакат гази табиӣ вуҷуд надорад, нерӯи барқ намерасад ва ҷумҳурӣ танҳо ба ин намуди сӯзишворӣ умед мебанданд. Ҳол он ки ангишт дар Тоҷикистон бисёр аст: захираҳои тахминии он дар ҳудуди ҷумҳурӣ беш аз 4,5 млрд тоннаро ташкил медиҳад. «Открытая Азия онлайн» ба яке аз конҳои калонтарини ихроҷи ангишт дар Осиёи Марказӣ - Фон-Яғноб, ки дар Тоҷикистон мавҷуд аст, омад ва истеҳсоли ин кандании фоиданокро бо чашми худ дид, чаро дар асри гузашта ин макон аҳолии маҳаллиро ба тарси асроромез даъват мекард.
Ангишти монеа: афзоиши ихроҷи ангишт ба Тоҷикистон чӣ таҳдид дорад?
Дар шаҳри Кӯлоб зани аҷоиб, модари 24 фарзанд Нурбибӣ Мансурова зиндагӣ мекунад. Чанд соле пеш «Открытая Азия Онлайн» дар меҳмонии ин оила буда, дар бораи зисту зиндагонии ин оилаи серфарзанд нақл карда буд. Ҳоло Нурбибӣ боз интизори таваллуди фарзанд аст ва ин боиси он гардид, ки мо бори дигар ӯро ёдоварӣ намоем…
Дар Кӯлоб модари 24 фарзанд зиндагӣ мекунад
Амволи ғайриманқул дар пойтахти кишварҳои Осиёи Марказӣ чанд пул аст?
Мутаассифона, солҳои охир муносибати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон беҳбудиро талаб менамояд: байни кишварҳо кайҳо инҷониб низоми раводид ҷорӣ гардида, ҳаракати ҳавоӣ мавҷуд нест, баъзе аз гузаргоҳҳои сарҳадӣ баста шудаанд ва ВАО-и маҳаллӣ давра ба давра айбдоркуниҳои дутарафаи коршиносонро нашр менамоянд. Бо вуҷуди ин, мардуми содда ва дур аз бозиҳои сиёсиро аз ҳамдигар ҷудо кардан тамоман хатост: байни тоҷикон ва ӯбекон бисёр издивоҷҳо, фарҳанг ва анъанаҳои монанди омехта ҳастанд ва ҳатто табъу завқи одамон якхелаанд. Аз ҳама муҳимаш – ӯзбекон дар Тоҷикистон ва тоҷикон дар Ӯзбекистон танҳо орзу мекунанд, ки ҳамсояҳо ниҳоят дӯстона зиндагонӣ менамоянд. «Открытая Азия онлайн» пас аз боздид аз Бухоро ва Самарқанд ба ин боварӣ ҳосил намуд.
Дар Ӯзбекистон тоҷикон чӣ тавр зиндагӣ доранд?
Ҷарроҳии пластикии машҳури тоҷикистониён – ринопластка ба ҳисоб меравад. Ҷавонон ва инсонҳои ба камолрасида, мардон ва занон аз рӯи нишондоди тиббӣ, вале бештар барои зебоӣ, бинии худро тағйир медиҳанд. Дар бораи он, ки ин тамоюл бо чӣ пайваст аст ва умуман ин амал дар ҷарроҳии маҳаллии зебоӣ чӣ тавр ҷараён дорад, «Открытая Азия онлайн» дар якҷоягӣ бо шарики худ - "Азия Плюс" равшанӣ андохт.
Чаро тоҷикон бинии худро тағйир медиҳанд?
Моҳи ноябр дар ҷаҳон рӯзи ҷавонмардони ҳақиқӣ ҷашн гирифта мешавад. Кӣ метавонад сазовори обрӯ бошад? Албатта, ҷентлмен. Оё шумо хислатҳои ҳақиқии ҷентлменро дар ёд доред? Ба ин бора "Открытая Азия онлайн" саволнома омода кардааст. Худро бисанҷед!
Оё шумо ҷентлмени ҳақиқӣ ҳастед?
Манъи сафари Ҳаҷ то 40-солагӣ: тарафдор ва муқобил?
Замоне дар ин шаҳр ҳама чиз пинҳонӣ буд. Қисме аз сокинон калӯш истеҳсол мекарданд, дигаре - мушакҳои баллистикӣ. Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи аввал ҳатто пай намебурданд, ки гурӯҳи дуюм ба чӣ кор машғуланд. Одамон ба меҳмонӣ ба хонаи ҳамдигар рафта, дар атрофи як миз менишастанд, вале ҳеҷ гоҳ асрори истеҳсолоти пӯшидаро аз тарси зиндонӣ шудан ба ҳамдигар намегуфтанд. Чунки ҳар яки онҳо барои фош накардани ин сир забонхат дода буданд. «Открытая Азия онлайн» дар якҷоягӣ бо ҳамкори худ - телевизиони СМ-1 ба хотири ошноӣ бо таърихи аҷоибу андаке воҳимаангези он ба ин шаҳри пурасрор сафар кард.
Истиқлол - шаҳри пинҳонии ҳастаӣ «зери ниқоби» калӯш
Соҳибкори ҷавон Бахтиёр Қодиров, мактаби иҷтимоии startup - ро дар шаҳри Хуҷанд кушод. Ӯ ба редаксияи Осиёи Кушода Онлайн дар бораи ташкил ва пешбурди IT лоиҳаҳо дар Тоҷикистон нақл кард.
Аввалин стартап-мактаб дар Тоҷикистон
«Дар ҷаҳон қиссаи ғамгинонае чун қиссаи интернет дар Ӯзбекистон нест», - ин гуфтаҳо дер боз дар фазои форумҳои Ӯзбекистон ва муҳокимаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷараён доранд. Мутаассифона, дар ҳар як шӯхӣ қисми зиёди ҳақиқат вуҷуд дорад - интернет дар ҷумҳурӣ аз нуқтаи назари суръат ва ҳам арзиш дур аст. Роҳбари давлат Шавкат Мирзиёев ҳама чизро тағйир доданӣ аст, то ки одамон бо интернети дастрас ва босуръат таъмин бошанд. «Открытая Азия онлайн» - дар бораи мушкилоти шабакаи ҷаҳонӣ дар кишвар ва дар ояндаи наздик чӣ тағйир меёбад, нақл менамояд.
7 тағйироте, ки Интернетро дар Ӯзбекистон интизор аст
Вернуться в начало