Алоқамандони оҳангҳои «Битлз» таронаҳои ин гурӯҳро бозхонӣ мекунанд
Шахсиятҳо
21.02.2016

Бо тасмими Созмони Омӯзишӣ, Илмӣ ва Фарҳангии Созмони Милал, ЮНЕСКО шурӯъ аз соли 2001 16 январ ҳамасола ҳамчун рӯзи ҷаҳонии “Битлз” дар саросари олам пазируфта шудааст.  Гурӯҳи “Битлз” танҳо гурӯҳи мусиқиест, ки дар тақвими ҷашнҳои ҷаҳонӣ рӯзи хоси худро дорад. 


Ба ифтихори ин рӯз сомонаи “Open Asia” ба суроғи алоқамандони гурӯҳи “Битлз” рафта  бозхонии оҳангҳои онҳоро дар иҷрои гурӯҳҳое аз Қазоқистон, Қирғизистон, ва Тоҷикистон тақдими шумо мекунад.


ҚАЗОҚИСТОН

Гурӯҳи «Музей» бо сарварии Бердалы Оспана дар ҷашнвораи байналмилалии  «Битлз» дар шаҳри Ливерпул  ҳунарнамои карда, ба дили азорҳо алоқамандони гурӯҳи “Битлз” роҳ ёфт. Тибқи иттилои сомонаи  caravan.kz, мубтакирони баргузории ҷашнвора дар Ливерпул унвонии раисҷумҳури Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев номаи қадрдонӣ ирсол намуда, ишора кардаанд, ки гурӯҳи «Музей» «Ҷойгоҳи Қазоқистонро дар арсаи мусиқии ҷаҳонӣ боло бурда, ин кишвар дар нақшаи мусиқии ҷаҳониӣ мақоми хосеро ба худаш ихтисос додааст». 


(Видеои истифодабаранда Юрий Шестаков)

ҚИРҒИЗИСТОН

Чаҳор нафар ҷавон аз шаҳри Бишкек соли 2010 гурӯҳеро таҳти унвони “The Rolls” таъсис доданд. Қисмати умдаи маҷмӯи оҳангҳое ки онҳо иҷро мекарданд таронаҳои гурӯҳи олам шумули «Битлз» буд.  Дар зимн ин чаҳор ҷавони Қирғизистонӣ  ҳамчунин маҳбубтарин оҳангҳои гурӯҳи “The Rolling Stones”,овозхони саршинос, Элвис Пресли ва бақия гурӯҳҳову овозхонҳои машҳурро иҷро мекарданд. Иттилои бештарро дар мавриди гурӯҳи қирғизистонии “The Rolls” метавонед аз донишномаи онлойн, Википедиё пайдо кунед. Соли 2012 грӯҳи “The Rolls” барандаи ҷашнвораи мусиқӣ таҳти унвони "Bishkek The Beatles"гардид. 

  

(Видеои истифодабаранда "Вечернее Шоу с Максимом Полетаевым")


Дар яке аз баромадҳо сарвазири Қирғизистон, Джоомарт Оторбоев бо ҳамроҳии ин гурӯҳ оҳанги "Michelle"-ро иҷро намуд. 




(Видеои истифодабаранда Daniyar Dzhumanazarov)


ТОҶИКИСТОН

Гурӯҳи " Parem " соли 1993 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфт. Ин гурӯҳ дар чандин ҷашнвораҳои байналмилалии мусиқӣ ширкат намудааст ва то ҳол ҳудуди даҳ олбуми оҳангҳояшро тақдими алоқамандон намудааст. Яке аз беҳтарин гурӯҳҳоест дар Тоҷикистон ки таронаҳои «Битлз» ро иҷро мекунад. 



(Видеои истифодабаранда Paremgroup)


(Видеои истифодабаранда Paremgroup)
Акс: limon.kg 
назарҳо 0
Назарҳо
  • Комментарии
Loading comments...
Хондани ҳама назарҳо
Наверх