Списки

Афғонисто бо се кишвари минтақа ҳамсарҳад мебошад – Туркманистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон. Фоизи назарраси аҳолиашро бошад – тоҷикон, ӯзбекон ва турманҳо ташкил медиҳанд. Шумораи дигар халқиятҳои ОМ дар Афғонистон кам мебошад – он ҷо на зиёда аз 10-15 ҳазор қазоқон, кирғизҳо, қароқалпоқиҳо зинагони мекунанд, лекин онҳо он ҷо ҳастанд. Забонҳои асосии ин давлати исломӣ пушту ва дари мебошад, лекин он ҷо инчунин хазарагӣ, ӯзбекӣ ва туркманӣ низ паҳн шудааст. Моҳи март дар Ӯзбекситон конфронси байналхалқи оид ба Афғонистон бо номи «Ҷараёни сулҳофар, ҳамкорӣ дар соҳаи бехатарӣ ва ҳамкории минтақавӣ» баргузор гардид. Мухбири «Открытая Азия онлайн» он ҷо буд, ва нақл мекунад, ки кадом созишномаи Тошкандиро дар чорабини қабул намуданд; кадом имкониятҳоро Иттиҳодияи Аврупо пешниҳод мекунад ва барои чӣ, ва дар охир барои чӣ Афғонистон аз ҷаҳон, хусусан аз ОМ ҷудо буда наметавонад.
Ӯзбекистон – кишваре бо таъриху фанҳанги бой. Аз ин сабаб он метавонист назар ба ҳозир, бисёртар сайёҳонро ба худ ҷалб кунад. Даромад аз ин соҳа ҳоло на зиёда аз 2% аз ММД-ро ташкил медиҳад. Соли 2017 сайёҳи дар кишвар соли рушди стратегии иқтисодиёт эълон шуд. Дар мавсими охир соҳаи сайёҳи ба чи навигариҳо ноил гардид ва соли омада ба сайёҳон чи меорад? Дар ин бора «Открытая Азия онлайн» нақл мекунад.
«Дар ҷаҳон қиссаи ғамгинонае чун қиссаи интернет дар Ӯзбекистон нест», - ин гуфтаҳо дер боз дар фазои форумҳои Ӯзбекистон ва муҳокимаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷараён доранд. Мутаассифона, дар ҳар як шӯхӣ қисми зиёди ҳақиқат вуҷуд дорад - интернет дар ҷумҳурӣ аз нуқтаи назари суръат ва ҳам арзиш дур аст. Роҳбари давлат Шавкат Мирзиёев ҳама чизро тағйир доданӣ аст, то ки одамон бо интернети дастрас ва босуръат таъмин бошанд. «Открытая Азия онлайн» - дар бораи мушкилоти шабакаи ҷаҳонӣ дар кишвар ва дар ояндаи наздик чӣ тағйир меёбад, нақл менамояд.
2-юми феврал Рӯзи суғур (сурок) ҷашн гирифта мешавад. Аслан ин иде мебошад, ки дар ИМА ва Канада маъруф аст. Дар ин рӯз одамон ба сурк бодиққат нигоҳ мекунанд, ки аз сӯрохиҳои замин мебароянд ва хулоса мебароранд: баҳор зуд меояд ё на. Аммо баъд аз он ки филм бо Билл Мюрре дар нақши асоси намоиш дода шуд, ин суханҳо маънои комилан дигарро гирифт. «Рӯзи суғур (сурок)» - ҳамчунин як навъи давраи вақт мебошад, ки ҳамон рӯйдодҳо боз ва боз рӯй медиҳанд. Албатта, давраи вақт - ин як навъ бофтаест. Аммо вақте ки ба баъзе лоиҳаҳо, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод мешаванд, нигоҳ менамоӣ, чунин ба назар мерасад, ки мо дар ҳақиқат ба як давраи вақт расидем ва ҳар лаҳза дар гирди доираи сарбаста мегардем.
Таваллуди кӯдак – воқеаест фараҳбахш. Ва хело масъулиятнок. Аввалин амали муҳим – интихоби ном. Баъзеҳо интихоби номро ба бузургтарин аъзои оила (чун анъана – бобо аз тарафи шавҳар) вогузор мекунанд, дигарон аз ҳаргуна қоидаву хуруфотҳо истифода мебаранд. Сокинони Осиёи Маркази дар кадом асос номгузорӣ мекунанд, метвонед инҷо хонед. Баъзе номҳо «мӯд»-и ҳам мешаванд. «Открытая Азия онлайн» қарор дод то муайян созад, ки кадом номҳо соли 2017 дар Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон маъмул шуданд. Қирғизистон. Арабивашии ҷомеа Чунин иттилоъро ба ҳамкори мо – нашрияи kaktus.media – хадамоти бақайдгирии давлатӣ пешниҳод намуд. Бино ба маълумоти омада, маъмултарин ном байни писарон Умар будааст. Бо чунин ном 2 ҳазору 886 кӯдакро номиданд.
Дар натиҷаи садамаи автомобилӣ дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон 52 шаҳрванди Ӯзбекистон вафот карданд. Одамон дар автобуси хатсайре, ки аз шаҳри Шимкент ба самти Самара ҳаракат мекард, дар натиҷаи оташгирӣ сӯхтанд; танҳо ба панҷ нафар мусофирон имконият даст дод, то наҷот ёбанд. Ҳолатҳои садамаҳои марговаре, ки ба онҳо муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргарданда ва ё баръакс, ба кор раванда рӯ ба рӯ мешаванд, ба таври мунтазам ба амал меоянд. Аксаран садамаҳо дар қаламрави Қазоқистон ё Русия, ки ба воситаи онҳо муҳоҷирон мегузаранд, сурат мегиранд. «Открытая Азия онлайн» фоҷиаҳои хеле даҳшатоварро ба хотир меоварад, ки танҳо дар соли 2017 ба амал омаданд.
Дар бобати он ки журналистони «Открытая Азия онлайн» дар соли 2017 чӣ гуна маводи ғайриоддӣ таҳия намуданд, қаҳрамонҳои асари худро аз куҷо дарёфтанд ва чаро онҳо метарсиданд, онҳо асли ҳодисаро нақл карданд. Тоҷикистон: «Чаро дар Тоҷикистон ҳамҷинсгароёнро ба ҳисоб мегиранд?»