Люди

Чанде пеш китоби библиографии «Авалин русҳо дар Тоҷикистон»-ро дар ш.Душанбе муаррифӣ гардид. Муаллифи ин китоб –доктори илмҳои таърих, олим - таърихшиноси Академияи илмҳои Тоҷикистон Дубовитский Виктор ва ҳамсари ӯ Ирина, ки рӯзноманигор аст. Онҳо китоберо омода намуданд, ки дар он ҳолномаи (автобиография) 124 нафар шахсони оғоз аз асри 18 то миёнаҳои асри 20 аз Росия ба марзи Тоҷикистони муосир сафар намудаанд, инъикос ёфтааст. Хамаи ин нафарон на танҳо барои рушди ин кишвар, балки тамоми Осиёи Марказӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Дар бораи он ки чӣ гуна дар бозорҳои ғуломони Хива ва Бухоро бо афсарони рус савдо мекарданд, ё худ чӣ хел казакҳои Оренбург мардуми Помирро ҳимоя мекарданд ва чӣ гуна ёрадмчии Ленин дар Осиёи марказӣ заминаи институтҳои илмиро мегузошт, барои «Открытая Азия онлайн» муаллифи ин китоб Виктор Дубовитский нақл намуд.
Охири моҳи март намоиши ҷаҳонии филми Стивен Спилберг «Первому игроку приготовиться» («Ба аввалин бозингар омодагӣ») оғоз гардид, ба эҷоди ин филм рассом-дизайнери Тоҷикистони Ҷама Ҷурабаев низ саҳм гузоштааст. Қиссаи ӯ – ин ана ҳамон success story мебошад, ки баҳри шавқманди бояд ба кӯдакон нақл кард. Дар кӯдакӣ ӯ конструктор ҷамъ менамуд, Терминатор, тайёраву чархбол мекашид ва орзуи муҳандис шуданро дошт. Ҳамааш ҳамин тавр шуд. Дар оғоз Ҷама Middle East Technical University Туртсияро хатм намуда соҳиби дипломи «муҳандиси аэрокайҳони» шуд. Баъди якчанд сол ӯ дар дастае буд, ки филми «Терминатор-5»-ро эҷод мекард. Инчунин он замон ӯ рассоми назариявии чунин блокбастерҳои ҷаҳони ба мисли «Фантастические твари», «Конг: Остров черепа», «Мстители», «Люди Икс: Дни минувшего будущего», «Стражи Галактики» ва ғайра гардид.
ВАО маълумот доданд, ки панҷ Тоҷикистонӣ, ки дар маркази савдою-фароғатии «Зимняя вишня» хизмат мекарданд, одамонро аз марг наҷот доданд. «Открытая Азия онлайн» тавонист бо яке аз онҳо сӯҳбат кунад. Мухбири таҳририяи дар Тоҷикистон буда, алоқаи ҳамватанашро дар Кемеро дарёфт намуда, ба алоқа баромад. Мусоҳиба кӯтоҳ баромад, қаҳрамон хело хоксор ва камгап бадааст.
Дар Қазоқистон намояндагони якчанд ташкилотҳои байналхалқӣ, ВАО, ташкилотҳо ва ихтиёриён бар зидди таҳқири шаҳвонӣ дар донишгоҳҳову гурӯҳҳои варзиши чорабиниҳои иҷтиои гуузарониданд. Яъне дар он ҳолатҳое, ки ҷабрдида дар ҳолати тобеи қарор дорад. Вақет ӯро ба амалҳои шаҳвони сардор, ҳамкор, устод бо таҳдиди аз кор озод намудан, аз донишгоҳ хориҷ намудан ва ё дигар таҳдидҳо маҷбур мекунад.
Алик 26-сола аст; аслан ӯ - Аюбҷон Одинаев мебошад, аммо худро ба ҳама маҳз чун Алик муаррифӣ менамояд. Вақте ки ӯ 22-сола буд, бо вай дар аввал як фалокат ва дарҳол фалокати дуюм рӯй дод. Тамом - Алик дигар роҳ гашта натавонист. Бо баробари пайдо шудани умеди муайяне, ки ӯ ба ҳар ҳол ба по мехезад, Алик ба он хеле сахт бовар дошт. Шарики «Открытая Азия онлайн» - гурӯҳи медиавии «Азия-Плюс» - бо ин ҷавони аҷиб вохӯрд ва онро фаҳмид, ки чӣ тавр инсони пурқувват бояд шуд.
Онҳо хонаро дар Ғарб афзалтар шумориданд... Портали Neupusti.net силсилаи маводро дар бораи ҷавонони Осиёи Марказие, ки дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ таҳсил кардаанд, аммо ҳамоно ватани зиндагониро дар Ғарб афзалтар шумориданд. Нашрияи мазкур ба ҷавонони Қазоқистон бахшида шудааст.
Ҳамҷинсгари ҷавон маҷбур шуд, ки соли 2017 Тоҷикистонро тарк намояд ва ба Олмон равад. Ӯ дар ин бора дар ролики видеоӣ нақл менамояд. Видео дар манбаи InfoMigrants – сомонаи аврупоӣ иборат аз хабарҳо ва дигар маводҳои муфид оид ба муҳоҷират ва барои муҳоҷирон дар се забон - франсузӣ, арабӣ ва англисӣ нашр шудааст. «Номи ман онқадар ҳам муҳим нест. Ман 22-сола ҳамҷинсгар аз Тоҷикистон – кишваре мебошам, ки барои ҷамоати ЛГБТ ҷаҳаннам аст», - нақли худро ҷавон чунин оғоз менамояд. Ягона нашрияе, ки дар Тоҷикистон ба ҷой додани ролики видеоӣ ҷуръат кард - шарики «Открытая Азия онлайн» гурӯҳи медиавии «Азия Плюс» мебошад.
Онҳо дар Ғарб хонаро афзалтар шумориданд... Ҳар сол шумораи одамони Осиёи Марказие, ки ба хориҷи кишвар барои таҳсил ё кор мераванд, меафзояд. Ҳамзамон фоизи онҳое, ки минбаъд дар макони нав нишастанро афзалтар мешуморанд, кам нест. Ин тамоюлро ба осонӣ шарҳ додан мумкин аст. Тааҷҷубовараш, чизи дигар мебошад. Ҳастанд нафароне, ки баъд аз гирифтани дипломи донишгоҳи бонуфуз ба хона бармегарданд. Барои чӣ чунин ҷавонон зиндагиро дар Ғарб ва корро дар ватанашон афзалтар шумориданд? Аз ҷониби онҳо ба чӣ такон бахшида шуд? Онҳо ба кишвари худ чӣ дода метавонанд? Мақсадҳои қаҳрамонони мо гуногунанд, вале арзандаи онанд, ки дар бораи онҳо нақл намоем.