Места

Вақте ки мо бо шавқи беандоза зебоии берунаи ёдгориҳои меъмориро азназар мегузаронем, ба масъалаи қарордоди муҳими муҳандисӣ, ки барои меҳмонон қулай ва роҳатбахш аст, кам таваҷҷӯҳ зоҳир менамоем. Яъне, яке аз ихтилофоти асосии ҳар як ёдгории меъморӣ намак аст, ки аз замин берун омада, оқибат ба харобшавии иншоот оварда мерасонад. Рақиби дуюм зилзила ба шумор мерафт.
Ёдгориҳои меъмории Ӯзбекистон бо гузашти садсолаҳо бо ҳама зебоиву шаҳомати худ, истеъдод ва ҳунармандии устоҳои он замон мафтуннамоии ҳамагонро идома медиҳанд. Он бахусус дар Самарқанд, шаҳре ки даҳҳо иншооти беназири меъмориро сарҷамъ намудааст, мушоҳида карда мешавад. Барои иншооти ёдгориҳои қадими Самарқанд на танҳо азамату бузургӣ, ороиши зебои биноҳо, зиннатдиҳии зиёд, кӯшиш барои таносуби қатъӣ, балки истифодаи усулҳои аслӣ барои ҳалли эҳтиёҷоти амалӣ, аз ҷумла дохилӣ хос мебошанд.
Моҳи март рӯзи умумиҷаҳонии об қайд гирифта шуд– ин сабаби хубест, то дар бораи фаввораҳои осиёи марказӣ далелҳоеро нақл кунем, ки шумо намедонистед. "Открытая Азия онлайн" чор қиссаро дар бораи фаввораҳо ҷамъ намуд, ки ҳатман бояд дид.
Дар тамоми Осиёи Марказӣ Наврӯз - ин датархони бой, рақсу бозӣ, ба ҳамдигар меҳмонравӣ ва ҳафтаи истироҳат. Дар Тоҷикистон низ чунин аст. Аммо на дар ҳама минтақаҳо. Он ҷо гӯшае ҳаст, ки дар он пеш аз Рӯзи баробарии баҳорӣ масъалаҳо ва мушкилоти ҷамъшударо муҳокима мекунанд. Ҳамчунин низ қайд мекунанд. Мухбири «Открытой Азии онлайн» дар деҳае буд, ки Наврӯз – ин вақти корҳои ҷиддӣ, ҳам ҷамъиятӣ ва ҳам шахсӣ.
Якбора 15 забони нодири Осиёи Марказиро хатари марг таҳдид менамояд! Дар ин бора дар шумораи нави «Атласи забонҳои ҷаҳонии зери таҳдиди азбайнравӣ қарордошта», ки ҳафтаи гузашта ЮНЕСКО нашр намуд, гуфта мешавад. Аксари забонҳои азбайнрафтаистода ба Тоҷикистон, аниқтараш - ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рост меоянд. «Открытая Азия онлайн» якҷоя бо шарикони худ аз гурӯҳи медиавии «Азия Плюс» қарор дод, то муайян намояд, ки киҳо ва дар куҷо забонҳои хеле нодири минтақаи моро истифода мебаранд.
Барои расидан ба баландкӯҳҳо, ки дар он ҷо зиндагӣ вуҷуд надорад, фаромадан ба поён тавассути дарёи кӯҳии ҷараёнаш ниҳоят тез ё саёҳат дар биёбони мурда - ҳамаи инро сайёҳон дар Осиёи Марказӣ пайдо карда метавонанд. Ҳар сол ба ин ҷо ҳазорҳо дарёфткунандагони ҳодисаҳо барои санҷиши қувваи худ меоянд. «Открытая Азия онлайн» оид ба мавзеъҳои бадтарини минтақаи мо нақл мекунад.
Ҳамасола ба Тоҷикистон ҳазорҳо нафар сайёҳон меоянд, ки бо боварии комил метавон онҳоро ҷасуру нотарс номид. Дар кӯҳистони ин кишвар сайёҳон бо воқеаҳое рӯ ба рӯ мегарданд, ки мислашон дар қарни 21 дида нашудаву барои ҳаёти инсон хатарноканд. Вале ин вазъият онҳоеро, ки бо машғулияти хатарнок сарукор доранд, аз роҳашон боз намедорад: онҳо ба қуллаҳои баландтарини куҳ мебароянд, дарёҳои пурталотумро убур мекунанд ва ҳамеша дар пайи шикори ҳайвонҳои ваҳшиву хатарнок ҳастанд. «Открытая Азия онлайн» рӯйхати чунин мавзеҳоро барои дӯстдорони саргузашти хавфнок тартиб дод.
Замоне дар ин шаҳр ҳама чиз пинҳонӣ буд. Қисме аз сокинон калӯш истеҳсол мекарданд, дигаре - мушакҳои баллистикӣ. Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи аввал ҳатто пай намебурданд, ки гурӯҳи дуюм ба чӣ кор машғуланд. Одамон ба меҳмонӣ ба хонаи ҳамдигар рафта, дар атрофи як миз менишастанд, вале ҳеҷ гоҳ асрори истеҳсолоти пӯшидаро аз тарси зиндонӣ шудан ба ҳамдигар намегуфтанд. Чунки ҳар яки онҳо барои фош накардани ин сир забонхат дода буданд. «Открытая Азия онлайн» дар якҷоягӣ бо ҳамкори худ - телевизиони СМ-1 ба хотири ошноӣ бо таърихи аҷоибу андаке воҳимаангези он ба ин шаҳри пурасрор сафар кард.