Истории

Зӯроварии репродуктивӣ – ин ҳомиладоркунӣ ва кӯдакдоршавӣ, таваллуд, аборт ё стерилизатсияи маҷбурӣ мебошад. Дар ҷаҳони муосир, ҳар панҷумин зан ва ҳар ҳаштумин мард метавонанд дар бораи истифодабарии зӯроварии репродуктивӣ нисбат ба худашон нақл кунанд. Аммо ин омори ҷаҳонӣ аст. Дар Қирғизистон ҳар як инсони синнусоли репродуктивӣ метавонад дар хусуси он нақл намояд, ки чӣ тавр одамон (баъзан тамоман бегонагон) ба ӯ дар бораи банақшагирии оила маслиҳат медиҳанд. Баъзан он ба таври ҳалиму беозор гуфта мешавад: «Ҳамаи ҳамсолони ту таваллуд карданд, вақти ту низ расидааст», «Барои писар кай биёям?» (духтар, дуюм, сеюм – заруриашро ишора намоед). Гоҳҳо одамон бештар боисрор мегӯянд: «Инсон барои он таваллуд шудааст, ки наслашро идома диҳад, тамоми боқимондаҳо - баъдан». Баъзан зӯроварии репродуктивӣ ба зўроварии ҷисмонӣ мубаддал мегардад. Мухбири шарики «Открытая Азия онлайн» - Kaktus.media - бо қурбониёни ҳолатҳои шадидт зӯроварии репродуктивӣ ҳамсӯҳбат шуд ва фаҳмид, ки инсон ҳангоми ҳуқуқҳои ӯро дар ташкили оила ва таваллуди фарзандон дигарон идора мекунанд, чиро эҳсос менамояд.
Арифметикаи зеҳнӣ дар Осиёи Марказӣ баъди, оне, ки соли 2015 дар YouTube баъди нашри навори писараки Останагӣ, ки зеҳнан бо суръати баланд ҳисоб мекард – машҳур гардид. Данияр Курманбоев ҳамагонро бо он амфтун намуд, ки дар сонияҳои кӯтоҳтарин амалҳои ҷамъу тарк, зару тақсими ададҳои серақамаро бо супорифи омӯзгораш иҷро мекард. Баъди ин Даниярро ба барномаи "Пусть говорят" бо Андрей Малахов (Первый канал, Россия), боз баъдан ба барномаи "Мужское и женское" бо Юлия Барановская ва Александр Гордон – даъват намуданд. Данияр Курманбаев ба Андрей Малахов нақл намуд, ки дар мактаби арифметикаи зеҳнӣ таҳсим менамояд ва орзу дорад ба Китоби рекордҳои Гиннес, чун донотарин кӯдак дохил шавад.
Дар Тоҷикистон аксарияти одамон ҳангоми ҷустуҷӯи ҷои кор ба маҳдудкунии синнусолӣ рӯ ба рӯ мешаванд, - шарҳ медиҳад шарики «Открытая Азия онлайн» - гурӯҳи медиавии «Asia Plus». «Мо духтареро бо донистани забони англисӣ, таҷрибаи корӣ муҳим нест, синни 22-30-соларо ба кор қабул менамоем», «Муҳосиб, ҷинсияташ зан, синнаш аз 30 то 45-сола зарур аст» - ин эълонҳои маъмулӣ барои Тоҷикистон аст. Дар кишвар занҳо аз синни 58-солагӣ ба нафақа мебароянд, вале ҷомеа онҳоро хеле барвақт ба нафақа мефиристад.
Дар се солагӣ донистани тамоми пойтахтҳои ҷаҳон, дар нӯҳсолагӣ пешниҳод намудани барномаи консертӣ дар тамоми сайёра ва дар 10-солагӣ дошта тавонистани нотаи «си»-и октаваи дуюм - «Открытая Азия онлайн» дар бораи бачагони соҳибистеъдоди тоҷик нақл менамояд.
Моҳи Рамазон (Рамазан, Орозо) байни мусулмонон яке аз моҳҳои табаррук ҳисобида шуда, гирифтани ҳатмии рӯзаро талаб мекунад. Рамазон дар нӯҳум моҳи тақвими ҳиҷри-қамарӣ фаро мерасад. Мусулмонон эътиқод доранд, ки аввалин сураҳои Қуръон ба Муҳаммад пайғамбар дар моҳи Рамазон, ҳангоми танҳонишии руҳӣ, дар ғори Ҳирои Макка кушода шудааст. Рамазон қисми моҳи ҳиҷри-қамарӣ буда, оғози он пайдоиши Моҳ ҳисоба мешавад. Азбаски тақвими ҳиҷри қамарӣ назар ба тақвими Григорианӣ 11 рӯз кӯтоҳ мебошад, пас ҳамасола Рамазон 11 рӯз барваққтар оғоз мешавад. Дар баъзе аз кишварҳои мусулмони оғози он дар натиҷаи ҳисобҳои ситорашиносӣ муайян мегардад, дар дигар кишварҳо – бевосита аз мушоҳидаи Моҳ ё ин, ки шаҳодати фақеҳони маъруф муайян карда мешавад. Ислом ҳарду имконро иҷозат медиҳад, аз ин сабаб оғози ҷашни динӣ дар ҳар кишварҳо фарқ карда метавонад. «Открытая Азия онлайн» бо ҳамкоронаш муаян намуд, ки кай дар кишварҳои ОМ рӯзагири оғоз шуд, асоси он дар чист, ва чӣ тавр бояд онро риоя кард.