Что происходит

Ҳаракати «Толибон» тақрибан 7 ҳазор ҷангиёнашро дар 29 пойгаҳҳои низомию сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон ҷойгир намуд. Дар ин бора фармондеҳи нерӯҳои кумитаи бехаратии миллии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ арз намуд - хабар додааст Радиои Озодӣ.
Кӯшиши гирифтани селфи дар манзараи дарёи кӯҳӣ бо фоҷиа ба анҷом расид: як духтаре ба об афтод, дуввумин хост ба ӯ ёри расонад. Ҳар ду ғарқ шуданд, - менависад Азия Плюс. Шоми 28 апрел ба қисми навбатдории Шӯъбаи КҲФ дар ноҳияи Рашт, маълумоте расид, ки дар он омадааст: сокини 19 солаи шаҳри Душанбе, ки дар меҳмонии хешовандонаш қарор дошт, ҳангоми гирифтани селфи дар назди дарёи кӯҳии Сурхоб, ба об афтод.
Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговароне, ки дар ин ҷанг вафот кардаанд, дар арафаи 9-уми май ба ифтихори 73-юмин солгарди Ғалаба ба ҳаҷми 1500 сомонӣ кӯмакпулии яквақта мегиранд, - хабар додааст Азия-Плюс. Ин тахминан 170 доллар аст. Фармони мазкур аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.
Гурӯҳи кории муштарак оид ба масъалаҳои безараргардонии монеаҳои муҳандисӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ таъсис дода шуд, - иттилоъ дод манбаъ аз бахши қудратии Ҳукумати Тоҷикистон ба «Азия Плюс».
Сӯхтор дар маркази савдои «Зимняя вишня»-и Кемерово ҳамаро ба изтироб овард. Қариб дар ҳамаи пойтахт ва шаҳрҳои калони Осиёи Марказӣ амалдорон ҷойҳои ҷамъиятиро оид ба сӯхтор тафтиш менамоянд. Ҳамкори «Открытая Азия онлайн» – «Азия Плюс» маслиҳатҳои мутахассисонро оид ба рафтор ҳангоми сӯхтор дар ҷойҳои ҷамъиятиро ҷамъ намуд. Ии маслиҳатҳои содда, лекин имкон медиҳанд ҳаётеро наҷот диҳанд, аз ин сабаб донистани ин қоидаҳо ба касе халал намерасонанд.
Дар Наврӯз, ба Тоҷикистон аввалин гурӯҳи сайёҳҳон аз Ӯзбекистон омаданд. Намояндагони ширкатҳои сайёҳии кишвар бо нону намак, 15 нафарро дар фурудгоҳи Душанбе пешвоз гирифтанд, менависад «Азия Плюс». Дар майдони «Дӯсти»-и ҳайкали Исмоили Сомонӣ чорабинии шоносоии «Салом Тоҷикистон» барпо гардид, ки дар он ширкатҳои сайёҳи оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва хизматгузориҳояшон маълумот доданд.
Дар рейтинги «Индекси рушди иҷтимоӣ 2017», ки аз ҷониби ширкати амрикоии Social Progress Imperative омода шудааст, ба иттилои оҷонсии хабарии Sputnik, Тоҷикистон дар мақоми 92-юм ҷой дода шудааст. Дар рейтинги мазкур мамлакатҳоро аз рӯи омилҳои асосии некӯаҳволии аҳолӣ баҳо медиҳанд: дастрасӣ ба тозагӣ (гигиена), манзил, хӯрокворӣ, ҳифзи саломатӣ, иттилоот ва таҳсил, инчунин риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва сатҳи таҳаммулпазирӣ.
Ба иттилои ASIA Plus, дар Тоҷикистон фурӯши сим-кортҳо ба як нафар аз ҳар як оператори мобилӣ то ду адад маҳдуд шуд. Дар баробари ин, Шумо метавонед аз ҳар оператори мобилӣ ду ададӣ сим-корт харидорӣ намоед. Агар муштарӣ аллакай аз ду сим-корт зиёд дошта бошад, боқимондааш масдуд мегарданд.
Нархҳо дар ҷумҳури якчанд маротиба боло рафтанд: агар дар оғози моҳ барои намуди коргар ба ҳисоби миёна 100 то 200 сомони (тақрибан 25 доллари ИМА – эзоҳи "ОА") медоданд, имрӯз бошар 4-5 маротиба зиёдтар маблағро талаб доранд, хабар медиҳад Asia-Plus. Шояд, ин бо он сабаб бошад, ки дар баъзе аз минтақаҳои ҷумҳури соҳибкороне пайдо шудаанд, ки харҳоро харида гӯшту пӯсти онро ба Хитой равона мекунанд. Яке аз сокинони деҳаҳои наздикӯҳи мегӯяд, ки миёнаравҳо ҳамаашро қабул мекунанд – бе ҳисоби синну сол ва ҳолат, ҳатто харҳои пирро низ.