Тавзеҳот
КСМ (КСК) чи гуна «ҷонвар» аст?
17.01.2016
корти 1
КСМ (КСК) чист ва барои чӣ мо ба онҳо пардохт менамоем?
КСМ (КСК) - Кооперативи соҳибмулкони манзил (кооператив собственников квартир). Қабл аз ҳама, КСМ - соҳибмулк нест, балки менеҷер мебошад, ки бояд барои сокинон кор кунад. КСМ таъмири ҷориро бояд дастгирӣ намояд. Ин тозакунии таҳхонаҳо, долонҳо, равшанидиҳандаҳо, ҳудуди назди бино (хона), ҳолати дари даромадгоҳҳои умумӣ. Маблағе, ки сокинон ба KCМ мепардозанд, ба хидматрасонии ҷорӣ ва маоши кормандон сарф мешавад. Дар воҳиди кории КСМ  раис, муҳосибон, фаррошон, сантехникҳо ва барқчиён ҳастанд.
корти 2
Чӣ тавр муҳисоботи КСМ-ро тафтиш кардан мумкин аст?
Дар охири ҳар сол раиси КСМ бояд дар назди сокинон ҳисобот диҳад. Маблағ ба ғайр аз фонди музди меҳнат, ба чиҳо сарф карда шуд? Агар раис ҳисобот диҳад, аммо сокинон бовар накунанд, пас барои гузаронидани санҷиш комиссияи тафтишотӣ таъин намудан мумкин аст. Ба он шахсоне, ки дар маҷлиси умумии соҳибмулкони манзил интихоб шудаанд, дохил мешаванд. Агар комиссия дар фаъолияти КСМ камбудиву норасоиро маълум намояд, пас бояд ба суд муроҷиат кард. Ҳисоботи комиссия набояд дар як варақ бошад. Ба он бояд ҳамаи мадохилот (квитанция) ва фактураҳо замима карда шаванд. Агар комиссияи тафтишотӣ самаранок кор накунад ва сокинон аз хулосаи кори он розӣ набошанд, онҳо метавонанд аудитро таъин намоянд. Он музднок аст. Барои ин тартиб ягон ширкати аудитӣ, ки дорои иҷозатнома мебошад, мувофиқ аст. Шумо метавонед аудитро бо тартиби судӣ талаб намоед, ки он ҳам аз ҳисоби даъвогарон мебошад.
корти 3
Чӣ тавр бояд ба суд муроҷиат кард?
Ҳангоми муроҷиат ба суд, бояд баҳс бошанд, на дархост. Мисол метавонед ин тавр навишед: «Сокинон бо ҳисоботи раиси КСМ  (комиссияи тафтишотӣ) рози нестанд». Агар аудитор вайронкориҳои дағалонаро пайдо намояд, он гоҳ ҷуброни молиявӣ барои кирояи аудитор аз КСМ гирифта мешавад.
корти 4
Тамоми шикоятҳоро ба куҷо ирсол намудан зарур аст?
Сараввал тамоми шикоятҳоро оид ба фаъолияти КСМ дар ду нусха ба номи раиси КСМ ирсол намудан зарур аст. Шикоят ё ариза ба КСМ, ҳатман бояд аз ҷониби котиб ба қайд гирифта шавад. Дар муроҷиати хаттӣ аз номи аъзои гурӯҳи ташаббускор имзои кофӣ (наздик 10 сокин) зарур аст. Агар раиси КСМ инкор намояд ва ҷавоб надиҳад, он гоҳ сокинон метавонанд ба суд барои ҷавоб надодани ӯ ба аризаи сокинон, муроҷиат намоянд.
корти 5
Маҷлиси ғайринавбатии сокинони биноро чӣ хел ташкил кардан мумкин аст?
Маҷлиси ғайринавбатиро бо дархости даҳяки шумораи умумии соҳибмулкони манзил ташкил кардан мумкин аст. Ба таври дигар гӯем, агар сокинон 100 нафар бошанд, 10 нафар метавонад гузаронидани маҷлиси ғайринавбатиро дархост намояд (моддаи 42-1, қисми 3-юми Қонуни Ҷумҳурии Қазоқистон “Дар бораи муносибатҳои манзил”). Агар аз 10/1 қисми сокинон маҷлисро хоҳанд, КСМ бояд маҷлисро гузаронад. Дар ариза масъалаҳоеро, ки мавриди муҳокима қарор дода мешаванд, ҳатман бояд нишон дод. КСМ бояд эълонро 10 рӯз қабл аз гузаронидани маҷлис барорад.
корти 6
Агар КСМ шикоят/хоҳиш, аризаро инкор намояд ба куҷо бояд муроҷиат кард?
Ба суд, ба прокуратура, ба бозрасӣ оид ба муносибати манзил дар назди ҳокимият. Беҳтар мебуд муроҷиати хаттии сокинонро бо имзои воқеӣ бо худ гирем. Бо ин роҳ исбот кардани он, ки КСМ хоҳиши шуморо инкор намудааст, осон мешавад.
корти 7
Раиси КСМ-ро чӣ тавр аз нав интихоб кардан мумкин аст?
Ба таври хаттӣ дар бораи гузаронидани маҷлис, таъини рӯз, нишон додани масъалаи аз нав интихоб кардани раисро бояд пешниҳод намоем. Масъалаи аз нав интихоб намудани раиси кооператив, аъзои кооператив, аъзои комиссияи тафтишотӣ бо қарори умумии маҷлиси сокинон сурат гирад, на бо доираи танги кормандони КСМ. Маҷлис салоҳиятдор ҳисобида мешавад, агар дар он на кам аз 50 дарсад (фоиз)-и сокинон иштирок намоянд. Аммо ин 50 дарсад барои аз нав интихоб намудан кофӣ нахоҳад буд, овозҳои сокинони дигар поймол хоҳанд шуд. Ҳамаи овозҳо заруранд. Баъд овоздиҳии пурсишӣ баргузор мешавад. Дар ҳамон маҷлис гурӯҳи ташаббускор интихоб карда мешавад. Барои мисол, ба Иванов ва Петров ваколат дода шуд, ки овоздиҳии пурсиширо гузаронанд. Барои ин варақаҳои мӯҳрзада ва имзодори раиси КСМ заруранд. Варақаҳо бояд рақамгузорӣ шуда, ба миқдори муайян бо рӯйхат бошанд, ҳамон тавре, ки дар интихобот мешавад. Дар ҳуҷҷат бояд насаби соҳибмулки ҳуҷра (хона), имзои вай, рақами ҳуҷра (хона) ва қарори ӯ: “ҳа” ё “не” муайян шуда бошанд.
корти 8
Маҷлис гузаронида шуд, вале Шумо бехабар мондед
Бояд садо баланд намуд, норозигии хешро ба раиси КСМ навишт, ки чаро Шуморо хабардор накарданд. Агар Шумо дар маҷлис иштирок накардед, аммо имзои Шумо гузошта шудааст, он аллакай ҷавобгарии ҷиноятӣ мебошад. Мақомоти тафтишотӣ метавонанд тасдиқи дурустии имзоҳо санҷанд. Барои мисол, ҳимоятгарони мо тасдиқ намуданд, ки имзои баъзе аз сокинони бино сохта (қалбакӣ) аст. Ин дар соли 2010-ум буд, вале онҳо дар соли 2014 садо баланд карданд. Ҳама чизро бояд бетаъхир анҷом дод.
корти 9
Оид ба барномаи “Рушди ХМК (Хоҷагии манзилию коммуналӣ)”...
Давлат барои таъмири биноҳои бисёрошёна маблағ ҷудо мекунад, аммо минбаъд пардохти ҳамаи онро худи сокинон ба ҷо меоранд. Дар навбати аввал, маҷлиси умумӣ зарур аст. Сокинон қарор қабул мекунанд, ки - кадом ташкилот корҳоро иҷро мекунад, ҳамзамон, сметаи хароҷот ва нархро бояд муайян намуд. Баъд аз маҷлис ба ҳар як сокин бояд шартномаро пешниҳод кард, ки дар он розигии вай барои пардохти ҳармоҳаи маблағи муайян ба буҷет, масалан, дар давоми 7 – 10 сол қайд шуда бошад. Бо ҳар як соҳибмулки манзил шартномаи инфиродӣ бояд баста шавад.
корти 10
Агар таъмир бесифат шуда бошад?
Сокинон метавонанд дар давоми се сол норозигиро оид ба сифати таъмир ба таври хаттӣ ба пудратчӣ пешниҳод намоянд, мумкин аст аксҳоро илова кунанд. Агар пудратчӣ масъаларо бартараф накунад (албатта, дар намуди хаттӣ), пас ба суд муроҷиат намудан мумкин аст. Пудратчиҳо ба шикоят ҷавоб медиҳанд, зеро дар суд он бар зидди онҳо мешавад. Ба ҷузъ аз ташкилоти пудратӣ, ин шикоятро бояд ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ – ҳукумат низ навишт, зеро барномаи давлатӣ ва тамоми маблағи ҷудошуда барои таъмир, зери назорати махсус қарор дорад. Ҳокимият инкор менамояд, зеро кор бо ташкилотҳои пудратӣ ба манфиати он нест, ҳол он ки аз болои онҳо бисёр арзу шикоят ворид мешаванд. Тамоми ҳуҷҷатҳоро ҷамъ оварда, ба суд муроҷиат намудан мумкин аст, аммо доштани нусхаи ариза ба ҳукумат бештар самаранок мебуд. Суд метавонад корҳои ба анҷомрасидаро бо дархости даъвогар ё ҷавобгар (бештар даъвогар) санҷад.
корти 11
Оё аз болои КСМ ба суд муроҷит кунем, ба мақсад мерасем?
Ҳарчанд таҷриба дорем, маъно ҳаст. Аввалан, дар ҷараёни мурофиаи судӣ иттилооти пурраро дар бораи фаъолияти КСМ, ташкилоти пудратии худ, тамоми мавод, смета ва хароҷот, ки метавонанд аз сокинон пинҳон карда шаванд, бо худ мегиранд. Дуюм, даъво кардан ташкилоти пудратӣ ва КСМ-ро боинтизом мегардонад.
Ҳамаи шарҳҳо бо такя ба Қонуни Ҷумҳурии Қазоқистон “Дар бораи муносибатҳои манзил” пешниҳод шудаанд.
Барои шарҳи муносибати байни сокинон ва КСМ мо ба редаксия ҳуқуқшинос Нурлибек Юсубалиевро даъват намудем.
Автор:
Наверх