Информация о проекте

Лоиҳаи “Осиёи Кушода онлайн" як тарҳи интернетии омӯзанда ва таҳлилист, ки рухдодҳову падидаҳои Осиёи Марказиро пӯшиш медиҳад. Мо дар бораи фарояндҳое мегӯем ки ҳарчанд барои ҳар яке аз кишварҳои минтақа хос ҳастанд вале барои дигар ҳамсояҳояшон низ ҷолибанд. Ҳамчунин рухдодҳову падидаҳоеро муқоиса мекунем ки дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон рӯй медиҳанд, аз фарояндҳое мегӯем, ки дар яке аз ин кишварҳо сурат гирифта ва бар дигар кишварҳо низ асару таъсир мегузоранд.

«Осиёи Кушода онлайн» лоиҳаи Намояндагии Internews дар Осиёи Марказӣ аст. Маводу матолиби онро таҳиягарону ҳамкорон аз Қазоқистону Қирғистону Тоҷикистон омода мекунанд.

Вернуться в начало