22.05.2018
Тоҷикистонӣ барои лайк дар шабакаҳои иҷтимоӣ 9,5 сол зиндонӣ шуд
Редакция OpenAsia
18.05.2018
"Толибон" дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 7 ҳазор ҷангиро ҷойгир намуд
Ҳаракати «Толибон» тақрибан 7 ҳазор ҷангиёнашро дар 29 пойгаҳҳои низомию сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон ҷойгир намуд. Дар ин бора фармондеҳи нерӯҳои кумитаи бехаратии миллии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ арз намуд - хабар додааст Радиои Озодӣ.
Редакция OpenAsia
11.05.2018
Селфии марговар. Дар кӯҳистони Тоҷикистон фоҷиа рӯй дод
Кӯшиши гирифтани селфи дар манзараи дарёи кӯҳӣ бо фоҷиа ба анҷом расид: як духтаре ба об афтод, дуввумин хост ба ӯ ёри расонад. Ҳар ду ғарқ шуданд, - менависад Азия Плюс. Шоми 28 апрел ба қисми навбатдории Шӯъбаи КҲФ дар ноҳияи Рашт, маълумоте расид, ки дар он омадааст: сокини 19 солаи шаҳри Душанбе, ки дар меҳмонии хешовандонаш қарор дошт, ҳангоми гирифтани селфи дар назди дарёи кӯҳии Сурхоб, ба об афтод.
Редакция OpenAsia
08.05.2018
Ба собиқадорони Тоҷикистон то рӯзи ид 170 долларӣ медиҳанд
Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговароне, ки дар ин ҷанг вафот кардаанд, дар арафаи 9-уми май ба ифтихори 73-юмин солгарди Ғалаба ба ҳаҷми 1500 сомонӣ кӯмакпулии яквақта мегиранд, - хабар додааст Азия-Плюс. Ин тахминан 170 доллар аст. Фармони мазкур аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.
Редакция OpenAsia
30.04.2018
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба тозакунии сарҳади умумӣ аз мина оғоз мекунанд
Гурӯҳи кории муштарак оид ба масъалаҳои безараргардонии монеаҳои муҳандисӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ таъсис дода шуд, - иттилоъ дод манбаъ аз бахши қудратии Ҳукумати Тоҷикистон ба «Азия Плюс».
Редакция OpenAsia
01.04.2018
ИНФОГРАФИКА: 10 қоидаи рафтор ҳангоми сӯхтор дар манзилҳои ҷамъиятӣ
Сӯхтор дар маркази савдои «Зимняя вишня»-и Кемерово ҳамаро ба изтироб овард. Қариб дар ҳамаи пойтахт ва шаҳрҳои калони Осиёи Марказӣ амалдорон ҷойҳои ҷамъиятиро оид ба сӯхтор тафтиш менамоянд. Ҳамкори «Открытая Азия онлайн» – «Азия Плюс» маслиҳатҳои мутахассисонро оид ба рафтор ҳангоми сӯхтор дар ҷойҳои ҷамъиятиро ҷамъ намуд. Ии маслиҳатҳои содда, лекин имкон медиҳанд ҳаётеро наҷот диҳанд, аз ин сабаб донистани ин қоидаҳо ба касе халал намерасонанд.
Редакция OpenAsia
Дар Тоҷикистон ҳазорҳо одамон шаҳрвандӣ надоранд. Онҳо асосан сокинони ноҳияҳои наздисарҳадӣ мебошанд – маъмулан, хеле қашшоқанд. Онҳо солҳои зиёд ҳуқуқ ба ватанро дифоъ мекунанд, вале на ҳама ба ин кор мушарраф мешаванд. Ҳамкори «Открытая Азии онлайн» - медиа-гурўҳи «Азия Плюс» - бо одамоне, ки шаҳрвандӣ надоранд, вохўрда, чӣ гуна бе ҳуҷҷат зиндагӣ кардани онҳоро фаҳмид.
Чӣ тавр одамон шаҳрвандиро аз даст медиҳанд?
Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад стандартҳои истеҳсоли носро ба роҳ монад. Ин стандартҳо риоякунии қоидаҳои санитарӣ ва меъёрҳои муқарраршудаи технологиро пешбинӣ мекунанд. Натиҷаҳои санҷиши носи тоҷикӣ аз ҷониби мутахассисони институти илмӣ-тадқиқотии машҳуре гузаронидашуд, ба ин кор сабаб шуданд. Маълум гардид, ки дар омехтаи тамоку элементҳои химиявии заҳрнок ва миқдори зиёди микробҳо мавҷуданд.
Стандартҳо барои истеҳсоли нос
Таваллуди кӯдак – воқеаест фараҳбахш. Ва хело масъулиятнок. Аввалин амали муҳим – интихоби ном. Баъзеҳо интихоби номро ба бузургтарин аъзои оила (чун анъана – бобо аз тарафи шавҳар) вогузор мекунанд, дигарон аз ҳаргуна қоидаву хуруфотҳо истифода мебаранд. Сокинони Осиёи Маркази дар кадом асос номгузорӣ мекунанд, метвонед инҷо хонед. Баъзе номҳо «мӯд»-и ҳам мешаванд. «Открытая Азия онлайн» қарор дод то муайян созад, ки кадом номҳо соли 2017 дар Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон маъмул шуданд. Қирғизистон. Арабивашии ҷомеа Чунин иттилоъро ба ҳамкори мо – нашрияи kaktus.media – хадамоти бақайдгирии давлатӣ пешниҳод намуд. Бино ба маълумоти омада, маъмултарин ном байни писарон Умар будааст. Бо чунин ном 2 ҳазору 886 кӯдакро номиданд.
Машҳуртарин номҳо барои навзодон дар давлатҳои Осиёи Марказӣ
Замоне дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ шароби Тоҷикистон соҳиби медали тилло мешуд ва шаробистеҳсолкунандагони ҷумҳурӣ қисми зиёди буҷети давлатиро ташкил мекарданд. Тоҷикистон дар рушди ин саноат кишвари беназир ба шумор мерафт ва ҳоло низ ба ҳисоб меравад, вале ҳоло шароб дар ин ҷо тақрибан истеҳсол намешавад. Ҳоло дар бозори Тоҷикистон шаробҳои Гурҷистон, Молдова ва ҳатто Aргентина ба фурӯш бароварда шудаанд; шояд дар ояндаи наздик шароби Ӯзбекистон низ пайдо шавад - дар кишвари ҳамсоя саноати шароббарорӣ равнақ меёбад. Барои чӣ кишоварзони тоҷик мавқеи худро аз даст доданд ва бо он чӣ бояд кард - "Открытая Азия онлайн" бо шарикони худ аз гурӯҳи медиавии "Азия Плюс" ба ин масъала равшанӣ андохт.
Шароби тоҷикӣ ба куҷо ғайб зад?
Шаҳри калонтарини Қазоқистон – Алма-Ато - бо бузургии миқёсаш ҷашни 1000-солагии таъсисёбии худро таҷлил менамояд. Ҷашнгирии ин санаи фархунда дар тақвими санаҳои ҷашнии ЮНЕСКО барои соли 2016 гузошта шуда буд. Вале на ҳамаи археологҳо ва таърихшиносон барои дастгирии дилгармии шахсони мансабдор оид ба соли ифтихории шаҳр омода ҳастанд. Ин ба мо барои гузоштани чанд савол сабаб шуд: дар ҳақиқат шаҳрҳои Осиёи Марказӣ, ки даъвои қадим буданро доранд, ҳамин тавр қадиманд, ки чунон мехоҳанд, ба қадимии онҳо оё далели қавӣ, ки олимон мегӯянд, вуҷуд дорад? "Открытая Азия онлайн" таҳқиқоти худро гузаронд ва инро маълум кард.
Шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ
Дар натиҷаи садамаи автомобилӣ дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон 52 шаҳрванди Ӯзбекистон вафот карданд. Одамон дар автобуси хатсайре, ки аз шаҳри Шимкент ба самти Самара ҳаракат мекард, дар натиҷаи оташгирӣ сӯхтанд; танҳо ба панҷ нафар мусофирон имконият даст дод, то наҷот ёбанд. Ҳолатҳои садамаҳои марговаре, ки ба онҳо муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргарданда ва ё баръакс, ба кор раванда рӯ ба рӯ мешаванд, ба таври мунтазам ба амал меоянд. Аксаран садамаҳо дар қаламрави Қазоқистон ё Русия, ки ба воситаи онҳо муҳоҷирон мегузаранд, сурат мегиранд. «Открытая Азия онлайн» фоҷиаҳои хеле даҳшатоварро ба хотир меоварад, ки танҳо дар соли 2017 ба амал омаданд.
7 садамаи даҳшатоваре, ки дар онҳо муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ зарар диданд
Афғонисто бо се кишвари минтақа ҳамсарҳад мебошад – Туркманистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон. Фоизи назарраси аҳолиашро бошад – тоҷикон, ӯзбекон ва турманҳо ташкил медиҳанд. Шумораи дигар халқиятҳои ОМ дар Афғонистон кам мебошад – он ҷо на зиёда аз 10-15 ҳазор қазоқон, кирғизҳо, қароқалпоқиҳо зинагони мекунанд, лекин онҳо он ҷо ҳастанд. Забонҳои асосии ин давлати исломӣ пушту ва дари мебошад, лекин он ҷо инчунин хазарагӣ, ӯзбекӣ ва туркманӣ низ паҳн шудааст. Моҳи март дар Ӯзбекситон конфронси байналхалқи оид ба Афғонистон бо номи «Ҷараёни сулҳофар, ҳамкорӣ дар соҳаи бехатарӣ ва ҳамкории минтақавӣ» баргузор гардид. Мухбири «Открытая Азия онлайн» он ҷо буд, ва нақл мекунад, ки кадом созишномаи Тошкандиро дар чорабини қабул намуданд; кадом имкониятҳоро Иттиҳодияи Аврупо пешниҳод мекунад ва барои чӣ, ва дар охир барои чӣ Афғонистон аз ҷаҳон, хусусан аз ОМ ҷудо буда наметавонад.
ОМ-и бузург: барои чӣ Афғонистон ҷудогона зиндагӣ карда наметавонад?
Донишҷӯёни Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббии шаҳри Душанбе ҳар тобистон ба кӯҳҳо рафта, ба боло мебароянд ва дар он ҷо растаниҳои шифобахш ҷамъоварӣ менамоянд. Роҳбарияти муассиса мегӯяд, ки дар оянда аз онҳо гиёҳдӯстони беҳтарин ба воя мерасанд. «Открытая Азия онлайн» дар якҷоягӣ бо шарикони худ аз гурӯҳи медиавии "Азия Плюс" тафсилоти ин истеҳсолотро муайян намуд.
Донишҷӯён ба кӯҳҳо мераванд: гиёҳдӯстонро чӣ гуна тарбия мекунанд?
Дар куҷо зардолуи хушкро омода мекунанд?
Ҳаракати «Толибон» тақрибан 7 ҳазор ҷангиёнашро дар 29 пойгаҳҳои низомию сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон ҷойгир намуд. Дар ин бора фармондеҳи нерӯҳои кумитаи бехаратии миллии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ арз намуд - хабар додааст Радиои Озодӣ.
"Толибон" дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 7 ҳазор ҷангиро ҷойгир намуд
Чӣ тавр қувваи барқро дар хона сарфа намоем, ки назаррас бошад?
Ҳамасола танҳо дар Русия наздик 50 ҳазор бачаҳо бедарак мешаванд. Агар миқёсро тасаввур намоем, пас ҳамин қадар шумораи хонандагон дар 50 мактаби миёна таҳсил менамоянд. Ҳамин қадар одамон дар 50 деҳаи хурди кӯҳистон зиндагӣ мекунанд. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аслан (аз рӯи қоида) омори умумиро доир ба кўдакони гумшуда тартиб намедиҳанд, танҳо ба рақамҳои муқоисавӣ барои соли гузашта ва ҷорӣ маҳдуд мешаванд. Аммо, хабари ташвишовар дар бораи гумшавии кӯдакон ва наврасон дар кишварҳои мо низ вомехӯранд. Бо вуҷуди он, қисми зиёди онҳоро гуфтан мумкин аст, дармеёбанд. Вале, мутаассифона, вақте ки кўдакро мурда ошкор мекунанд, интиҳо баъзан даҳшатангез мешавад. Ва баъзан даҳшати бе охир мешавад, вақте, ки волидон ҷустуҷӯи бенатиҷаи худро солҳо идома медиҳанд. Дар Рӯзи байналмилалии бачагони гумшуда, ки дар ҷаҳон 25-уми май ҷашн гирифта мешавад, «Открытая Азия онлайн» дар якҷоягӣ бо ҳамкори худ – гурӯҳи медиавии «Азия Плюс» қарор дод, доир ба яке аз бедаракшавии резонансдор, ки дар Тоҷикистон се сол қабл рӯй дода буд, ба хотир оварад.
Сояи бачагони гумшуда
Вернуться в начало