Опубликовано 01.01.2020

Иқтисодиёти осиёи марказиро дар соли 2020 чӣ интизор?

pexels.com

Дар охири сол одатан ҷамбаст мегузаронанд. Дар Осиёи Маркази соли 2019 тағйиротҳои сиёсӣ гузаштанд. Иқтисодиёт, мутаассифона, барои сокинони минтақа тағйиротҳои мусбат наовард. «Осиёи Кушода» дар бораи интизории иқтисодии соли 2020-и минтақа, бо мушовири молиявӣ Расул Рысмамбетов сӯҳбат орост. Коршинос дар доираи лоиаҳои амалигардидаи Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон фикри худро баён намуд.

Иқтисодиёти Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон рақобатпазир нестанд. Бинобар ин, дар сурати ба қарори умумӣ омадани роҳбарони сиёсии ин давлатҳо, метавонанд обрӯю нуфузи сармоягузориро аз ҳисоби ҳамкорӣ ба сатҳи лозима бардоранд.
— Расул Рысмамбетов
Қазоқистон

Ҳадди содирот аз болои воридот идома дорад. Аммо танҳо аз ҳисоби ашёи хом, на аз ҳисоби содироти маҳсулоти тайёр. Қимматшавии воридот барои Қазоқистон дар партави дигаргуниҳои сиесии мамлакат идома дорад,. Президенти нав маҷбур мешавад такмили блоки иқтисодии ҳукуматро барои пешниҳоди ислоҳоти нави иқтисодӣ пайравӣ намояд. Бо назардошти гузаронидани ислоҳот, ки амалии онро идоракунандаҳои нав таъмин хоҳанд кард, оҳиста ба ивазкунии роҳбарони маҳалҳо оварда мерасонад. Ин дурнамои дар асоси назарияи идоракунии корпоративӣ амалӣ мешавад, ки бояд стратегияи навро кадрҳои нав амалӣ намоянд.

Агар мӯҷиза рӯй надиҳаду нафт то 70-80 доллар барои як баррел набарояд – тенге тадриҷан нисбати асъори хориҷӣ мавъқеи худро бой медиҳад (қурби. – доллари ИМА, евро). Агар Бонки Миллӣ таргеткунии инфлятсиониро (низоми сиесати пулию қарзӣ, ки ҳадафи ниҳоии он — нархгузории устувор) давом диҳад, ин ҳам бошад имконоти охирини сиесати пулию қарзӣ, қарзворидкунии иқтисодиётро ба пастӣ мебарад. Ҳатто оғози воридшавии кортҳои тиҷоратии 2020-2025 ба таври назаррас вазъи кунуниро беҳтар нахоҳад кард. Мумкин дар натиҷаи русткунии як қатор бонкҳо аз рӯи натиҷаи AQR (арзебии сифати дороӣ), суръати қарзпешниҳодкунӣ камтарак барояд, аммо ин таъминот то тирамоҳ кофисту халос.

Мушкилотҳои тиҷорати хурду миенаи Қазоқистон давом доранд. Навовариҳои андоз эҳтимол тиҷоратро ба пинҳоншавӣ биёрад, ки натиҷааш - ба «соя» даромадани музди меҳнат ва шуғли беқайд аст. Қазоқистони имруза ба сармоягузории хориҷӣ вобастаи сахт надорад, гап дар бораи зарурати беҳтар намудани самаранокии идоракунӣ меравад. 

Дар маҷмӯъ иқтисодиёти Қазоқистон симои фурӯшавиро дорад. Гурӯҳи кӯҳнаи ҳукумрон ба худтайёркунии захира ва пасандозаш овора. Гурӯҳи нави ҳукумрон ҳоло вуҷуд надорад, буҷаи нави давлатӣ бошад дар интизорӣ аст.

Дар ин маврид барномаи мушаххаси иқтисодӣ лозим аст, ки барои шаҳрвандон фаҳмою қабул бошад. Агар ин ҳолат рӯй надиҳад – рӯҳафтодагӣ аз лиҳози равонӣ, иқтисодиётро маҳдуд хоҳад кард.

Қирғизистон

Дар соли оянда Қирғизистон намунаи тиҷоратии худро давом медиҳад: истеҳсоли дохила ва реэкспорти молҳои чин ба қаламрави иттиҳоди иқтисодии авруосиё. Кишвар эҳтиеҷи инфрасохтор ва воситаҳои асосӣ мебошад. Аз ин рӯ, ман бовари дорам, ки лоиҳаҳои сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон, як қатор шоҳроҳҳои байналмилалӣ ва байнишаҳрӣ –аллакай дар соли оянда оғоз хоҳанд шуд.

Тиҷорати хурду миена дар Қирғизистон хеле рушд кардааст, ки ин барои иқтисодиёт ва шуғли аҳолӣ муҳим мебошад. Аз ин рӯ хӯрокворӣ, маҳсулоти бофандагии тайер ва сайеҳӣ, ҷузъҳои асосии иқтисодиёт хоҳад монд. Дар содироти Қирғизистон тилло ва ҳосилаҳои он афзалият (40-42 фоиз аз тамоми содирот) доранд. 

Ба эҳтимол, дар соли оянда Қирғизистон барои худ ҳамчун аъзои Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё аз болои шартҳои махсус кор барад, зеро ин узвият – монеагиро барои ҷалби сармоягузории пурарзишро берун аз ин иттиҳодия, оварда истодааст.

Дар ин ҳолат қурби асъор (сом), фикр мекунам, метавонад дар сатҳи на он қадар зиёд паст равад. Зеро тиҷорати кишвар аз набудани пардохтпазирӣ коҳиш ёфта истодааст. Вобаста ба талаботи имрӯза, сом бояд каме заифтар шавад, зеро ки барои тиҷорати хурду миёна метавонад бештар пардохтпазирӣ таъмин намояд.

Ӯзбекистон

Гарчанде, ки хабари ҳамаи тағйиротҳои мусбат дар ин кишвар ҳастанд, лек дар соли 2020 гумон аст, ки мӯъҷиза ба вуқӯъ ояду Ӯзбекистон ба таври назаррас боло равад.

Президенти нав дар ҳолати иқтисодиёти вайроншуда корро оғоз кард, ва то ҳол ҷараёни ба роҳ мондану ҷустуҷӯи хатарҳои нопадид рафта истодаанд. Ўзбекистон ба азнавкунии инфрасохтор ва қабули барномаҳои иҷтимоии самаранок хело сахт эҳтиёҷ дорад. Ғайр аз ин, кишвар ба ҷалби зиёдтари сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ, ки барои рушди иқтисодӣ лозим ҳастанд, эҳтиёҷ дорад.

Аз ин рӯ, хусусигардонӣ то ҳол бо намояндагони сармояи калони монополистии рус ва ӯзбек гузашта истодааст. Президент барои фаҳмидани арзиши ин ё он аҳди онҳо, бо ҳар як сармоягузор пурсиши алоҳидаи шахсиро мегузаронад. 

Дар Ӯзбекистон тавозуни манфии савдо ба таври возеҳу равшан намудор аст, ки ин сабаби фаъолонаи сарфаи пулро аз тарафи аҳолӣ нишон медиҳад. Дар ҷумҳурӣ захираҳои пинҳонӣ вуҷуд доранд, ки ҳаҷми калони онҳо дар дасти намояндагиҳои хориҷии ӯзбекзабон буда, берун аз системаи бонкӣ кишвар қарор доранд. Аз ин рӯ, Ўзбекистон метавонад зуддтар дар идора кардани иқтисодиёташ сармоягузорони худиро ҷалб намояд, ки бештар ба озодии иқтисодӣ меоварад.

Тиҷорати хурду миёна дар Ўзбекистон ҳамеша фаъол буд, махсусан сегменти тиҷорати хурд. Ҳоло бошад бо дастрасӣ ба захираҳои қарзӣ, метавонем пешгӯи кунем, ки тиҷорат дар Ўзбекистон рушд карда бозорҳои Қазоқистон, Русия ва Чинро аз худ менамояд.

Бо чунин тавозуни манфии савдо, мутаассифона сӯми ӯзбекӣ ба заифшавии муайян рӯ меоварад. Аммо танзимгар дарк мекунад, ки асъори маҳаллиро аз пастшавии зиёд бояд нигоҳ дошт.

Айдана Токтаркызы
Айдана Токтаркызы
Автор материала
Вернуться в начало